Página de inicio Selección de editores Reseñas Noticias Alternativas Top 10 Registro previo Oferta por tiempo limitado Juegos populares Aplicaciones populares Categoría APK Downloader Subir APK Extensión de Chrome APKFab APP Buscar app
Seleccionar idioma

Таърихи халки точик (синфи 5)

8.1 1

v1.0 por Китобхои фаннии точики

Sobre Таърихи халки точик (синфи 5)

Шумо акнун бори аввал таърихи халқу кишвари азизи худро
меомӯзед. Таърихи халқи тоҷик як пораи пурифтихори таърихи
ҷаҳон мебошад. Агар шумо таърихи халқи худро хуб донед,
маълум мешавад, ки Ватани хешро ҳам дӯст медоред. Донистани
таърихи халқ ин шинохтани гузаштагони худ, тараққиёти кишвар,
илму маърифат ва забону Ватани хеш мебошад. Худшиносӣ
якдилӣ ва ваҳдати миллатро ба вуҷуд меорад. Агар миллат якдилу
яктост, иқтисодиёти он низ тараққӣ мекунад, илму фарҳангаш
равнақ меёбад ва давлаташ пешрафта мешавад. Халқе, ки худшиносии
миллӣ дорад, ҳамеша соҳибэҳтирому пешрав аст. Шахси
таърихдон сиёсатмадори моҳир, кордон, донишманд, хирадманд,
роҳбари боадлу инсоф ва дилсӯзу ғамхори миллат мешавад.
Гузаштагони мо дар таърихи инсоният корнамоиҳои бузурге
кардаанд. Онҳо дар Осиёи Марказӣ аввалин ромкунандагони
ҳайвоноти хонагӣ мебошанд. Онҳо инчунин аз ҷумлаи
нахустин одамоне маҳсуб мегардиданд, ки ба зироаткорӣ ва сохтмони
шаҳрҳо машғул будаанд. Гузаштагонамон офарандагони
фарҳанги баландпояи ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд ва
мо имрӯз ҳам бо ин фарҳанг фахр мекунем.
Шумо бори аввал таърихи мухтасари қадими халқи худро
меомӯзед ва огоҳ мешавед, ки дар гузаштаҳои дуродур Ватани
ачдоди мо - ориёиҳо хеле бузург будааст. Вай аз шимол, аз ҳавзаи
рӯди Ра (Волга) сар шуда, ба ҷануб то Ҳиндустони Марказӣ ва аз
шарқ, аз Хуанхеи Чину Муғулистон то Молдава ва Осиёи Хурд
тӯл мекашид. Дар ҳамаи ин заминҳои паҳновар гузаштагони мо
ориёиҳо зиндагонӣ мекарданд. Ин аст, ки шумо бояд таърихи
гузаштагони худро бодиққат омӯзед ва сабабҳои хурд шудани
ҳудудимамлакат ва кам гардидани аҳолии ориёинажодрофаҳмед.
«Таърих» калимаи арабӣ буда, маънояш муайян намудани
вақти рух додани ҳодисаҳои муҳим мебошад. Ба ибораи дигар,
таърих илмест, ки ҷамъи ҳодисаҳои муҳими дар рӯйи Замин ва
дар ҳаёти инсонҳо рухдодаро меомӯзад.
Дар таърих ҳар ҳодиса сабаб ва оқибат дорад. Вазифаи инсон
он аст, ки сабаби рӯй додани ин ва ё он ҳодисаҳоро омӯзад
ва оқибатҳои бадии онро пешгирӣ намояд, яъне таърих фанни
ибратомӯз буда, барояш донистани сабабҳои ҳодиса, ҷой, рӯз,
моҳ ва соли он шарт аст. Ҳодисаҳо ва воқеаҳо дар таърих гуногунанд
ва онҳоро муҳит ва талаботи инсонҳо ба вуҷуд меоранд. Дар
таърих подшоҳони алоҳида нақши бузург мебозанд, агар онҳо донишманд
ва сиёсатмадори дурбин бошанд, зиндагонии мардум
хуб мешавад, мамлакат обод мегардад. Ҳамин хел шоҳон дар таърихи
халқи тоҷик: Ҷамшед, Фаридун, Кайқубод, Кайковус, Кайхусрав,
Кайгуштосп, Куруши Кабир, Дориюши Кабир, Аршак,
Ардашери Бобокон, Шопури I, Анӯшервон, Канишкаи Кабир,
Кадфиз, Ахушнавоз, Хусрави Парвиз, Абӯмуслим, Абдуллоҳи
Тоҳир, Яъқуби Лайс, Исмоили Сомонӣ ва Насри 11 буданд. Дар
замони подшоҳии онҳо мардум зиндагии хубу ором доштанд.
Дар таърихи халқи тоҷик саҳифаҳои муҳим, ки аҳамияти
ҷаҳонӣ доранд, хеле бисёранд. Масалан, аввалин пайғамбари
соҳибкитобу соҳибтаълимот Зардушт аз миллати мо буд. Ӯ одамонро
ба сулҳу салоҳ, вахдати миллӣ ва меҳнати ҳалолу созандагӣ
даъват кардааст. Китоби «Авесто», ки дар замони ӯ таълиф шуда
буд, бузургтарин китоби динӣ, таърихӣ, фалсафӣ, педагогй, тиббӣ
ва адабй дар ҷаҳон мебошад. Таъриху фарҳанги мо аз он замон
сарчашма мегирад.
Аввалин бунёдкунандагони империяи бузурги ҷаҳонӣ Куруши
Кабир ва Дориюши Кабир буданд. Куруши Кабир аввалин
Эъломияи ҳуқуқи башарро таҳия намуда, ҳамаи инсонҳоро новобаста
аз нажоду миллату динашон баробарҳуқуқ эълон намуд.
Халқи тоҷйк Ҳеҷ гоҳ ба сари халқи дигар лашкар накашида, мардумашро
ғорат накардааст. Подшоҳони ориёинажод ғуломони
бисёреро аз ғуломию асорат озод намуда, ба бегонагон ғамхорӣ
зоҳир кардаанд. Гузаштагони мо дар тӯли ҳазорсолаҳо дар сарзамини
Осиёи Марказӣ зйндагонӣ намуда, аз худ осори фаровони
таърихӣ, аз ҷумла оромгоҳҳо, қалъаҳо ва дигар биноҳои меъморӣ
ва осори хаттӣ боқй мондаанд, ки аз қадимӣ будани миллати мо
гувоҳй медиҳанд.
Más información
Características de Таърихи халки точик (синфи 5)

Versiones antiguas

Más

Таърихи халки точик (синфи 5) 1.0 APK July 21, 2018 28.66 MB Descargar

Requires Android: Android 4.0+

Architecture: arm64-v8a, armeabi, armeabi-v7a, mips, x86, x86_64

Screen DPI: 120-640dpi

SHA1: 8dc8ff787220cb1f50a77e8d7586ba88e4795863

Size: 28.66 MB

Más información

Nombre de paquete:

com.kitob.tarihi_halqi_tojik_5

Fecha de actualización:

Última versión:

1.0

Pedir actualización:

Enviar la última versión

Requisitos:

Android 4.0+

Descarga segura

APKFab.com y el enlace de descarga de esta aplicación son 100% seguros. Todos los enlaces de descarga de aplicaciones que aparecen en APKFab.com son de Google Play Store o enviados por los usuarios. Para la aplicación desde Google Play Store, APKFab.com no lo modificará de ninguna manera. Para la aplicación enviada por los usuarios, APKFab.com verificará la seguridad de la firma de APK antes de publicarla en nuestro sitio web.

Compartir
Comparte esta página con tus amigos si te resulta útil