Таърихи дунёи қадим (синфи 5)

7.5 1

v1.0 por Китобхои фаннии точики

Descargar APK de Таърихи дунёи қадим (синфи 5) Descargar APK de Таърихи дунёи қадим (синфи 5)
Descargar por medio de APKFab App
Instalación segura y rápida - sin restricción recional

Sobre Таърихи дунеи кадим (синфи 5)

Хонандагони азиз!
Шумо дер боз интизори омӯхтани фанни таърих будед. Инак,
он рӯз ҳам фаро расид. Ин фанро аз оғози соли таҳсили нав то
хатми мактаб мунтазам меомӯзед. Фанни таърих хеле шавқангез
мебошад. ТТТумо каму беш маълумотеро ҳангоми таҳсил дар
мактаби ибтидоӣ ва аз хондани китобҳои гуногун, маҷаллаю
рӯзномаҳо, шунидани радио, тамошои телевизиону кино, нақли
волидон ва калонсолони дигар ҳосил кардаед. Вале ин дониши
шумо аз таърих ҳанӯз кофӣ нест ва талаботатонро қонеъ карда
наметавонад. Омӯзиши пай дар пайи фанни таърих дониши шуморо
пурра хоҳад кард.
Калимаи «таърих» маънии ҳаёти гузаштаи инсон ва воқеаю
ҳодисаҳои гузаштаро дорад. Таърих илмест, ки маҷмӯи воқеаю
ҳодисаҳои замони гузаштаро меомӯзад, илмест, ки дар бораи
ҷомеаи инсонӣ аз замонҳои қадимтарин то рӯзҳои мо баҳс мекунад.
Он, аз ҷумла, сохти давлатӣ ва усули давлатдорӣ, фаъолияти
хоҷагӣ, тиҷорат ва маданияти халқу давлатҳои қадим, макон ва
замони рӯй додани ҳодисаю воқеаҳои гузаштаро инъикос менамояд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон ду шохаи таърих таълим дода мешавад: таърихи
умумӣ ва таърихи халқи тоҷик. Таърихи умумӣ таърихи замонҳои
гузашта ва муосири ҷаҳон ва таърихи халқи тоҷик бошад, таърихи
даврони гузашга ва муосири халқи тоҷикро дар бар гирифтааст.
Китобе, ки дар даст доред, таърихи ҷаҳонро аз асри санг ва
Мисри қадиму Бобул то Ҳиндустону Чин, Юнону Бохтар, Порт,
Селевкиёну Кушониён ва Руму Амрикои қадимро фаро мегирад.
Омӯзиши таърихи ин давлатҳо дар пеши назари шумо саҳифаҳои
пур аз ҳодисаю воқеаҳои аҷонбу ғароиб ва муҳимми таърихиро
ҷилвагар месозад.
Оё шумо медонед, ки таърихи аз замонҳои мо садҳо ҳазорҳо
сол пештар чӣ гуна ва ба воситаи чиҳо то ба имрӯз омада расидааст?
Китоби дарсии «Таърихи умумӣ (Таърихи дунёи қадим)» дар
ин бора ба шумо маълумот медиҳад.
Агар касе чизеро ба муддати якчанд рӯз дар ҷое ба ҳоли худ
3
гузорад, мебинад, ки дар ин мудцат болои онро қабати тунуки
чангу ғубор пӯшондааст. Шумо, худатон ин далелро ба осонӣ
санҷида, боварӣ ҳосил хоҳед кард, ки он воқеан ҳамин тавр аст.
Дар тӯли замонҳои дуру дароз қабати ғафси хок, ки аз ҳамон
қабатҳои чангу ғубор иборат аст, ашё, олоти меҳнат, қасру
биноҳои истиқоматӣ, ҳайкалҳо, тангаҳо, дастхату катибаҳоро
пӯшонида, дар болои онҳо ҳатто гиёҳу дарахтон сабзида, шаҳру
деҳаҳо бунёд гардидаанд. Аз ҳамин сабаб, осори зиндагии одамони
қадим асосан дар зери замин мондааст.
Як қисми ками таърихи дунёи қадим то ба мо тавассути сарчашмаҳои
хаттӣ омада расидааст, лекин имконияти васеътару
пурратар омӯхтани онҳо вуҷуд дорад. Бо ин мақсад олимон дар
харобаҳои биноҳо, қасрҳо, мақбараҳо, шаҳрҳои замони қадим
ҳафриёт, яъне ковишҳо мегузаронанд.
Олимонеро, ки ёдгориҳои таърихии гузаштаи дур, аз он ҷумла
дунёи қадимро меомӯзанд, «бостоншинос» («археолог») ва худи
ин шохаи илми таърихро «бостоншиносӣ» («археология») меноманд.
Ин қабил олимон, махсусан барои таърихи дунёи қадим, маводди
басо муҳим пайдо мекунанд.
Ашё ва ёдгориҳои пайдокардаи таърихи дунёи қадим баъд аз
омӯзиши ҳаматарафаи олимони бостоншинос барои намоиш дар
осорхонаҳои таърих ҷой дода мешаванд, то ки мардум, аз ҷумла
насли наврас бо таърихи гузаштаи халқи худ ва халқҳои дигари
ҷаҳон шинос шаванд, онро хуб омӯзанд ва гиромӣ доранд. Охир,
шахсе, ки таърихи замони гузаштаро намедонад, ҳаргиз одами
бомаърифату бофарҳанг буда наметавонад ва ба қадри халқу
ватани худ намерасад. Аз ин рӯ, донистани таърих барои ҳар як
шаҳрванди хурду калони кишвар зарур ва муҳим аст.
Барои осонтар шудани омӯзиши таърихи дунёи қадим китоби
дарсии мазкур ба бобҳо, мавзӯъҳо ва мавзӯъчаҳои алоҳида тақсим
карда шудааст. Аксу суратҳои китоб мазмуни маводди таълимиро
барои шумо боз ҳам пурратару равшантар мегардонанд.
Дар охири ҳар як мавзӯъ барои санҷиши мустақилона ва
сайқал додани дониши шумо саволу супоришҳо пешниҳод карда
шудаанд. Шумо метавонед аз онҳо самаранок истифода баред.
Дар охир ба шумо, хонандагони арҷманд, дар омӯзиши таърихи
дунёи қадим барор ва илҳом мехоҳам.
Más información
Características de Таърихи дунеи кадим (синфи 5)
Versiones antiguas Más
Таърихи дунёи қадим (синфи 5)
Таърихи дунёи қадим (синфи 5) 1.0 APK
September 13, 2018 28.25 MB

Requires Android: Android 4.0+

Architecture: arm64-v8a, armeabi, armeabi-v7a, mips, x86, x86_64

Screen DPI: 120-640dpi

SHA1: 059308628218bb46fd86341fb05c83aaf6b07d10

Size: 28.25 MB

Más información

Nombre de paquete:

com.kitob.tarihi_dunyoi_qadim_5

Fecha de actualización:

Última versión:

1.0

Pedir actualización:

Enviar la última versión

Requisitos:

Android 4.0+