Дуохои муборак

9.7 1

v12.02 by Китобхои Исломи

Дуохои муборак APK 下載 Дуохои муборак APK 下載
通過APKFab客戶端下載
安全快速安裝 - 無區域限制

關於 Дуоҳои муборак

Дуоҳои муборак(包名:tj.duo.muborak.dini.islom)開發者是Китобхои Исломи,Дуоҳои муборак的最新版本12.02更新時間為2018年04月13日。Дуохои муборак的分類是圖書與參考資源。您可以查看Дуохои муборак的開發者下的所有應用。目前這個應用免費。該應用可以從APKFab或Google Play下載到Android 4.0+。APKFab.com的所有APK/XAPK文檔都是原始文檔並且100%安全下載的資源。
Муқаддима
Суйи Ту пӯям, ки Туӣ беназир
Бар кӣ гурезам, ки Туӣ дастгир!
Нест ба чуз лутфи Ту роҳи дигар,
Ҷуз карамат нест паноҳи дигар.
Ал-ҳамду лиллоҳи Рабби-л-оламин. Ва-л-оқибату ли-л-муттақин, Ва-с-салоту ва-с-салому ало саййидино Муҳаммадин ва ало Олихи ва асҳобиҳи аҷмаина-т- тайибина-т-тоҳирин.
Аммо баъд, хонандагони гиромиқадр, ин китобе, ки дар даст доред, маҷмӯаи дуоҳоест ба забони тоҷикӣ,, ки барои мардуми тоҷикзабон аз забони мӯйсафедону пиразанон ва ашхоси фозилу сухандон ва китобҳой қадимаи форсӣ гирдоварй карда шуд. Мақсад аз тадвини ин рисола он буд, ки ин дуогӯёни мо, ки имрӯзҳо дар байни моянд, шояд пас аз чанд соли дигар бар ҷо намонанду ин суннати онҳо аз байн равад ва пасояндагон аз дуоҳои неку бофазилат ва баракати оиҳо бебаҳра бимонанд.
Дуову муноҷот, ки аслан зориву тавалло ба сӯйи Худоваиди мутаол кардан асту нишони оҷизии банда ва тавбаи ӯст, танҳо хоси миллату забони а.раб набуда, инчунин ба ҳар фарди ғайри араб, аз миллату мазоҳиби мухталиф низ тааллуқ дорад, ки розашро ба даргоҳи Карими хсорсози банданавоз ифода мекунад.
Дар ин рисола дуоҳое гирдоварӣ шудаанд, ки инсон метавонад дар ҳолатҳои гуногуни ҳаёти худ бо онҳо мақсаду хоҳишҳои худро ба даргоҳи Худованди бениёз баён кунад,
Дар охир аз даргоҳи илоҳӣ барои ҳар як фарди мусалмон таманнои онро дорам, ки ҳамеша бо хушиву хуррамӣ ва бо имону ислом ва одобу ахлоқи ҳамида зиндагонй карда, ба орзуҳои дуҷаҳониашон мушарраф гарданд. Омин.
Домулло Иброҳими Наққош,
16-уми апрели соли 2008.
ш. Панҷакент.
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Дар «Лубобу-л-ахбор» омадааст, ки Пайғамбар
(алайхи-с-салом) фармудаанд; Ҳақ таоло ваҳй кард сӯйи ман, ки:«Эй Муҳаммад, ҳар бандаи мӯьмин, ки баъд аз ҳоҷати инсонӣ истинҷо накунад, Маро ҷафо карда бошад. Ва агар истинҷо кунад ва таҳорат накунад, низ ҷафо карда бошад. Ва агар таҳорат кунад ва ду ракаат намоз нагузорад, Маро ҷафо карда бошад. Ва агар ду ракаат намоз бигузорад ва дуо накунаду ҳоҷати худро нахоҳад, Маро ҷафо карда бошад. Ва агар ҳоҷат бихоҳаду модару падарашро дар он ёд накунад, Маро ҷафо карда бошад. Пас, чун ин ҳамаро ба ҷо овард, агар Ман ӯрову падару модари ӯро наомурзам ва ҳоҷаташро раво накунам, Ман ҷафо карда бошам ӯро”
* * *
Овардаанд, ки чун бандаи мӯъмин ду ракаат намоз бигузорад ва аз Ҳақ таоло ҳоҷат нахоҳад. Ғазаби Ҳақ
таолоро ба чӯш меояд ва мефармояд, ки ҳамон намозро бар рӯйи ӯ бизананд, ки Моро ғанӣ ва худашро фақир надонистааст .
ДУОИ ҚАДАМ
Қадам расид, бало нарасад. Илоҳӣ, тани сиҳҳат. хотири ҷамъ, дили беғам ато намуда, гузаштагонамонро раҳмат ва мондагиҳоямонро ҷойнишини некон карда, дар паноҳи исмати худ нигох дорӣ. Омин. Бираҳматика е Арҳама-р-роҳимин.
Илоҳӣ, қадамҳои моро дар ин манзил неку бобаракат гардонӣ. Парвардигоро, барои ҷумлаи бандаи мӯъмину мусалмон тани сиҳҳату хотири ҷамъ ва дили беғам ато намуда, оқибати корҳояшонро ба хайр гардонӣ. Омин. Бираҳматика ё Архама-р-роҳимин,
* * *
Илоҳӣ, хайрияти қадам, ободии макон, хушнудии арвоҳи гузаштагон, аз Худо мадад, аз Пайғамбар шафоат, хайру баракат. ризку рӯзии беминнат, афву амон, бахту саодат, фарзандони солими босаховат, парҳез аз маъсият, шоистаи ҷаннат, саллаллоху таоло ало хайра халқиҳи Муҳаммадив-ва ало Олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.
ДУОИ ДАСТУРХОН
Шукронаи неъмат, зиёдии давлат, тани сиҳҳату хотири ҷамъ, мо кам кардем Худо зиёда гардонад ва ба ин хонадон файзу баракат, умри дарозу давлати бепоёп ато фармояд ва гузаштагонро раҳмату мағфират ва шоистаи ҷаннат намуда, боқимондагиҳоро ҷойнишини
некон кунад. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.
* * * * *
查看更多
Дуоҳои муборак 資訊
歷史版本 更多
Дуохои муборак
Дуохои муборак 12.02 APK
2018年09月06日 2.69 MB

Requires Android: Android 4.0+

Screen DPI: 120-640dpi

SHA1: 63c4d17c1070b57c6a3fe2187eeda0109500f554

Size: 2.69 MB

更多資訊

更新日期:

最新版本:

12.02

請求更新:

提交最新版本

系統要求:

Android 4.0+